ШАҲРИТУС. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳомид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ноисри Хусрав Ализода Сураё, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳористон” Ф. Лоиқов, раиси ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” Бегзода Зафар ба дидорбинии маъюби гурӯҳи 1-ум Ғаниев Ҳусейн рафта, аз ҳолу аҳвол ва зиндагии ӯ бохабар ва бо аҳли оилаашон ҳамсуҳбат шуданд. Зимни суҳбат Миралиеён Қиёмиддин афзуд, ки шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа пайваста зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҲХДТ қарор доранд. Сипас, бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” Бегзода Зафар ба ин оилаи маъюбдошта кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Аз ин иқдоми неки ҳизбиён шахсони аёдатшуда руҳбаланд гардида, миннтадории хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)