Ш.ШОҲИН. Дар доираи накша чорабиниҳои муштараки амалиёти умуминоҳивӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо Ситоди ноҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар худуди ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов ва Даштиҷум бо ҳамоҳангии аъзои фаъол, сокинон ва собиқадорону зиёиён ба ҳавои номусоиди баҳорӣ нигоҳ накарда, ба ҳашар баромада, гирду атрофи қабристонҳои деҳаи Мӯлёб ва Даштиҷумро аз алаф ва хасу хошок поккорӣ намуда, саҳми хешро дар тозаву озода нигоҳ доштани як гӯшаи диёр гузоштанд.
Ситоди ноҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар оянда нақша дорад, ки дар баробари ба эътидол омадани вазъи обу ҳавоя аксияи мазкурро дар сатҳи лозима баргузор намояд.