ШАҲРИТУС. Оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар толори ташкилоти ибтидоии “Сомон” бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия семинар-машварати дастурдиҳӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, инчунин ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурамали «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ», барои корбарӣ дастрас карда шуд.
Дар семинар-машварати ҳизбӣ моҳияти “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуда, аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ барои ҷоннок кардани фаъолияти ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузориҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, қабули аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони бомаърифат ва дигар паҳлуҳои фаъолияти ҳизбӣ ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дастуру супоришҳо дода шуд.