А.ҶОМӢ. Дар доираи Аксияи ҳизбии «Рӯзи ёдоварӣ» аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳудуди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ҳақиқат” ва “Боқӣ Раҳимзода” тоза кардани ҷӯю каналҳои обгузар ва тозаву озода намудани гирду атрофи оромгоҳҳо ва шинонидани 350 бех гулу буттаҳои ороишӣ анҷом дода шуд.
Дар баргузории ин аксия дар баробари фаъолони ҳизбӣ, волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ низ иштироки
фаъолона доштанд.