БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАТБУОТИ МО ОЗОД АСТ!

АНДЕША. Чихеле, ки ба мо аз тамошои баҳси видеоии “Тоҷикистон матбуоти озод дорад, ё не?” дар сомонаи радиои озодӣ (https://www.ozodi.org/a/31147337.html) маълум гашт. Баъди шиносоӣ аз суҳбатҳои Бахтиёр Ҳамдамов  сардабири “Минбари халқ”  нашрияи ҲХДТ ва Фаридун Раҳнавард  сардабири собиқ ҳафтаномаи “Нигоҳ” ҳар як фарди солимфикр метавонад назар ва андешаашро нисбати матбуоти замон баён намояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёри маълумот ва хабару воқеаҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин аз интернет мегиранд. Дар ҳақиқатан ҳам имрӯз дар ҷомеа истифодабарии интернет ҳам тарафҳои мусбӣ ва манфии худро дорад. Вақте, ки ҷомеа бисёр маълумотҳоро тариқи интернет мегирад,  ин албатта ба фаъолияти нашрияҳо бе таъсир намемонад.

Ба ҳама маълум аст, ки барои дар шароити имрӯза кору фаъолият кардани ҳар як нашрия базаи мустаҳкам ва робитаи қавӣ ба аҳолии кишвар доштанаш лозим аст. Имрӯз дар Тоҷикистон матбуот озод буда,  касе, ки мехоҳад ҳунару маҳораташро барои пешравии халқу кишвар сарф намояд, метавонад фаъолияташро дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монад.

Дар шароити имрӯза ман фикр мекунам, ки ҳамон нашрияҳое мувофиқанд, ки ба дарди дили мардум наздиканд ва дар такмилу мустаҳкам намудани Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллат мусоидат менамоянд.

Дар ҳақиқатан ҳам чӣ хеле, ки Бахтиёр Ҳамдамов қайд карданд, имрӯз вақте, ки аксарияти сокинони сайёра дастрасӣ ба интернет доранд, гап дар бораи “Маҳдудияти озодии баён” намондааст. Имрӯз дар тамоми нашрияҳо оиди норасогиҳои тамоми соҳаҳо мақолаҳои танқидӣ ва ё наворҳо таҳия шуда истодаанд, ки ин албатта ба манфиати ҷомеа мебошанд.

Масъалаи аз фаъолият боз мондани ҳафтаномаи “Нигоҳ” бошад, чи хеле, ки аз суҳбати сардабири собиқ ҳафтанома Фаридуни Роҳнавард маълум гашт, ин аз рақобат карда натавонистан дар бозори матбуот ё ба таври дигар ба фурӯш нарафтани ҳафтаномаи “Нигоҳ” арзёбӣ гашт. Ҳар як нашрия барои мустаҳкам намудани базаи моддию иқтисодии худ дар доираи қонунҳои амалкунанда кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки пойдориаш устувор бимонад. Чи хеле дар боло қайд кардем,  имрӯз интернет ҳамаро Журналист кардааст ҳар кас чи чизе дид ё шунид ба интернет шомил мекунад, яъне ин боз ҳамон гуфтаи Бахтиёр Ҳамдамовро ба хотир меорад, ки имрӯз дар озодии баён ягон маҳдудият намондааст.

Ҳасанзода Тағоимурод,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg