Н.ХУСРАВ. Бо раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳоту маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо мақсади таҳкими низоми ҳаракати ҳизб, механизми танзимкунандаи гурӯҳи мносибатҳо ва амалу рафтори аъзои ҳизб, барасмиятдарории фаъолияти аъзои ҳизб, аз ҷумла ба мисоли «Қабул ба сафи ҳизб», «Ба қайд гирифтани аъзо», “Аз қайд баровардани аъзо», «Боз доштани узвият» ва «Хориҷ кардани аъзои ҳизб» дар асоси талаботҳои «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ» семенар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроия ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба ҳаракати аъзои ҳизб, роҳу усулҳои амалӣ намудани корҳои тарғиботӣ оид ба ҷалби ҷонибдорон барои аъзогӣ ба ҳизб, аз ҷумла ҳуҷҷатгузорӣ, татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, амалисозии аксияҳои ҳизбӣ, ташкили корҳои созандагию ободонӣ ва Низомнома дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ, ҷамъоварӣ ва супоридани аъзоҳаққӣ, тартиби ташкили ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти ташкилот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузори корҳои ободонию созандагӣ, ташкили ҳашарҳои дастаҷаъмона дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» ба ҷамъомадагон фаҳмонида шуд.