АНДЕША. Тоҷикистони соҳибистиқлолу озоду шукуфони мо имсол 30-умин солгарди пуршукӯҳи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикстонро ҷашн мегирад. Ин он қадар вақти тӯлонӣ нест. Ҷаҳду талошҳо, ҷоннисориҳои миллат дар айёме, ки тақдири миллату давлатамон дар вазъи хатарнок қарор дошт, хеле зиёд буд. Хотима бахшидани ҷанг, расидан ба сулҳи сартосарӣ, пас овардани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан, сари мизи гуфтушунид овардани ҷонибҳои муқобил яке аз ҳадафҳои асоснок буданд, ки ин ҳаракат дар амалӣ шудани онҳо ва шахсиятҳои шинохтаи миллат, ки мавқеи худро дар пайвастан ба он лоиқ дониста буданд, хеле зиёд аст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки яке аз омилҳои таъсис додани ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ, яъне Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар он замон бо ташаббуси Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мақсад буд: сарҷамъ намудани миллат, нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистон ва расидан ба Ваҳдати миллӣ. Аз ин хотир пешаи идеологияи ҳизби мо то имрӯз идеологияи ваҳдати миллист.
Ин ташкилоти ҷамъиятӣ сол то сол нуфуз ва шукӯҳу мақоми тоза пайдо карда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон нақши равшан мегузорад.
Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат бе ба даст овардани истиқлолият номумкин мебошад. Мо дар рӯи сайёра миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои ба дастёбии истиқлолияти худ даҳсолаҳо пойкор намуданд ва дар ин роҳ фарзандони азизи худро аз даст додаанд, лекин аз ҳуқуқҳои оддитарини миллат ва тамаддуни башарии худ маҳруманд.
Аз ин хотир, дар назди ҷомеаи мо вазифа меистад, имрӯз ва фардои мо бояд аҳамияти таърихи ин ҳуҷҷати муҳим – Ваҳдати миллиро дарк бисозем ва хурду бузург бидонем, ки чаро маҳз точикон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани соҳибистиқлолӣ даст ба ҷанги шаҳрвандӣ заданд. Кадом сабабҳо, омилҳо миллатро ба вартаи худкушӣ ҳавола дод.
Ваҳдати миллиро хушку холӣ «Зинда бод» нагӯем. Он чӣ ба даст омад, бояд озмуда бошад, барои 100 соли оянда. Имрӯз баъзеҳо, бахусус насли чавоне, ки ба воя мерасад аз аҳамияти Ваҳдати миллӣ кам бархӯдоранд. Донистани он бояд яке аз рукнҳои манфиати миллии мо бошад. Бидонанд, ки онро точикон бо ақлу идрок ва фарҳанги қадимаамон эҷод кардаанд, дар имзои он бо ҷони хешу ин обу хоки муқаддаси Ватан савганд хӯрдаанд ва он бояд ҷовидонӣ ва пояндаю халалнопазир бошад.
Мо бояд ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки бидуни иттиҳод ба даст овардани музаффариятҳо хеле мушкил аст. Шукрона мекунем, ки пас аз ба даст овардани ин иттиҳод бо сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ дигаргуниҳое дар хаёти имрӯзаи мо шуда истодааст, ин ба ҳамаи мо аён аст.
Аз ҷумла, дар ноҳияи мо ҳоло дар ислоҳоти иқтисодии соҳаи мухталифи хоҷагии халқ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.
Мардум паи ободии диёр ва бартараф намудани камбудиҳои худ саҳму талош доранд. Истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ сол то сол афзун гардида, соҳаҳои маорифу фарҳанг, тарбияи маънавию худшиносии миллӣ рушду ташаккул ёфта истодааст.
Симои шаҳраку деҳотамон ба кулли тағйир ёфта, кӯчаю хиёбонҳо бо бунёдкориҳои нави замонавӣ симояшро дигар карда истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳимоятгари манфиати сиёсиву иҷтимоии кишвар аст, ҳамаҷониба бо ҳисси баланди сиёсӣ ҳамчун ҳизби созанда ва нерӯи ободгари ҷомеа дар амалӣ гардидани барномаи худ, ки он муҳимтарин самтҳои пешрафти мамлакатро дар бар мегирад, таҳти шиори «Барои, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» саҳм ва нақши босазо хоҳад гузошт.
Сайдамир Ғафуров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ