ВОКУНИШ. Дар замони муосир мушкилотҳое рух медиҳанд, ки қобили қабули ҷомеа нестанд ва шаҳрвандон низ ин гуна амалҳои зиштро намеписанданд. Албатта, сухан дар бораи он меравад, ки хоҷадорон хеле зиёд шудаанд дар миқёси замин ва то ҳол онҳо сафи худро дучанд гардонида истодаанд. Аслан хоҷадорон гуфта киҳоро дар назар дошт, онҳое, ки мардумро ба гумроҳи оварда мерасонанд, ки ҳангоми сарнагум шудани шаҳрвандон мумкин аст ба корҳои номатлуб, иғвоангезӣ, миллатчигӣ шӯриш, ҷанг, дуздӣ ва ғайра мисоли инҳо даст зананд. Оқибати чунин амалҳо ба чӣ оварда расониданаш аён аст масалан: Давлатҳои Сурия ва Афғонистон шоҳидии онро медиҳанд, ки мардуми онҷо ба гапҳои рӯякии ким кадом хоҷадорон бовар карда, давлати тинҷу оромро ба як давлати ноорому харобазор табдил дода, то ҳол ҷанг идома дорад. Дар натиҷа чӣ шуд, ҳеҷ баръакс бар зарари худи онҳо гашт, бинед дар солҳои пештара мардуми Сурия ҳамчун миллати бофарҳангу бомаданият мешинохтанд, имрӯз бошад онҳоро ҳамчун миллати ҷангзада мешиносанд, оё ин нишонаи заифии онҳоро нишон намедиҳад. Чунин заифӣ дар солҳои 90-ум ба мо низ сар зада буд ва дарси ибрат барои мардуми Тоҷикистон шуд, ки худи шаҳрвандон шоҳиди он гаштанд, ки ҷанг ба чӣ оварда мерасонад. Ягон шахс намехоҳад, ки нохушӣ дар ҷомеае, ки ӯ зиндагӣ мекунад сар занад, лекин бо фиребу найранг ва бо маблагҳои ночиз метавонанд, хоҷадорон шахсони саводнокиашон заифро ба осонӣ ҷалби худ созанд ва ба домашон афтонанд.
Албатта, ғамхориҳо ва таъкидҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нестанд, ки: «Фарзандонатонро хононед, илм омӯзед, касб омӯзед то, ки фирефтаи дигарон нашаванд ва ба чунин амалҳои нохуш даст назананд, баръакс роҳи дурустро интихоб кунанд ва дар ҷомеа шахси бомаърифат, ватандӯст тарбия ёбанд».
Дар ҳақиқат ҷавонони имрӯзаро дар амал ба гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ равона намоем ҳамчун ҷавонони сулхпарвар, ватандӯст ва ободкору созандаро тарбия кунем, ки фардо Тоҷикистони озоду шукуфон ва тинҷу оромро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд ва нагузоранд, ки нафаре аз берун хор халонад ва дар рушди минбаъдаи Ватани азизамон ҳамчун Пайравони Пешвои миллат саҳмгузор бошанд, расму оин ва ҷашнҳои қадимаи миллиамонро пос доранд ва фарҳанги миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам муррифӣ созанд.
Саидқурбон Юсупов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ