БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ШУД

АНДЕША. Наврӯз- яке аз қадимтарин ҷашнҳои ориёинажод ба ҳисоб рафта, он таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад. Ҷашни Наврӯз ҳамчун соли нав барои мардумони ориёинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё ҳамал, яъне ба 21-уми марти солшумории мелодӣ) рост меояд. Аз ин рӯ, Наврӯзро “Ҷашни сари сол” низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 6 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.

Таърихи Наврӯз- Доир ба таърих ва пайдоиши Наврӯз бояд гуфт, ки маншаъ ва замони пайдоиши Наврӯз ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия” аз забони Алӣ ибни Яҳё навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағийрнопазир аст” ва дар китобаш “Ал-тафҳим” менигорад, ки “нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст”.

Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби “Ал-тафҳим” овардааст, ки “Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифтӣ, агар чӣ пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд”.

Наврӯз дар луғатҳо ба маънои “рӯзи нав” ва “тоза”, “рӯзи нахустин”, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки  соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, “Ал-тафҳим” ва “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба ин гуна ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод то дар он ҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин ба рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Наврӯз баёнгари наҷибтарин орзуву омол, ормону умедҳои башар буда, некиву накӯкорӣ, покиву озодагӣ, тарабу шодӣ, осудагиву ободиро талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ даъват мекунад. Наврӯз ҳамчунин пайвандгари дӯстиву бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ, зудудояндаи занги кинаҳову озурдагиҳост.

Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин рӯз офтоб ба хатти устуаор меояд ва шабу рӯз баробар мешавад. Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор- бедоршавии табиату олами наботот, оғози ктштукор, такмили дунёи нав медонистанд.

Мардуми шарқ бо таҷлили иди Наврӯз хонаи худро сафед мекунанд, сару либоси нав мепӯшанд ва барои ҳамдигар то соли дигар беҳбудиҳои зиндагиро таманно менамоянд.

Наврӯз маросимҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо дар давраи таҷлили ҷашн ҳатмӣ шуморида мешавад. Дар баргузории ҷашни Наврӯз суманакмонӣ, хонатаконӣ, киштгардонӣ, гулгардонӣ, ҳафтсину ҳафтшин аз маъмултарин маросимҳои наврӯзӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз хосиятҳои наҷибу хоси дигари Наврӯз ин дастархони наврӯзист. Хони наврӯзӣ яке аз ғанитарин дастархони ҷашнии идона ба ҳисоб меравад. Дар он гул, ширинӣ, шарбат, май, нон, меваҷот мегузоранд. Яке аз маъмултарин ва хоси Наврӯз ин рақами 7 аст. Чунончӣ ҳафтсин, ҳафтшин аз қабили себ, санҷид, сирко, сим, сабза, сабзӣ ва суманак. Наврӯз аз қадимулайём расму оин ва анъанаҳои ба худ хосро дорад. Ниёгони соҳибмаърифати мо дар ин рӯзи нав нахуст оташ меафрухтанд, зеро он нишонаи ҳаёт ва рамзи офтоби оламафрӯз аст. Бо фурӯзон кардани оташ дилу нияти худро равшанӣ мебахшиданд ва рӯзгорашонро бо ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо, озодагиву зебоипарастӣ ва инсондӯстиву созандагӣ ороста менамуданд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстӣ мебошад. Наврӯз ҳамчун иди зебоипарастӣ дар бештари давлатҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон таҷлил карда мешуд.

Наврӯз бо хуҷастапайии худ ва эҳёву зебогии табиат тарғибгари ғояҳои некӣ инсонист. Аз ин рӯ, дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, Қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Дар Қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилаллии Наврӯз” таҷлил гардад.

Сайфулоев Раҳмиддин, мутаҳассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg