БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ЯКЕ АЗ ИДҲОИ ҚАДИМТАРИНИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини тоҷикон ба шумор меравад. Мувофиқи тақвими аҷдодамон 21-март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор,  рӯзи кишту кори деҳқонон ба шумор меравад. Ҷашни Наврӯз бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ба яке аз идҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз бо номи иди баҳор ва эҳёи табиат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Наврӯзро  ҳар сол дар Тоҷикистони мо бо як шукӯҳу шаҳомат, бо дили пур аз меҳру муҳаббат ҷашн мегирем.

Наврӯз маънои Рӯзи навро дорад. Наврӯз - яъне соли нав ва баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки он дар моҳи март ҷашн гирифта мешавад. Дар баъзе аз кишварҳо ин ҷашнро одамон бо ҳар расму русуми гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Тоҷикистони мо Наврӯзро аз санаи 21-25-уми март ҷашн мегиранд. Таърихи гузаштаи Наврӯз чи хеле ки дар Наврӯзномаи Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён ва дар Шоҳнома ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад.

Ҳангоме, ки шоҳ Ҷамшед тахти тиллогини худро сохта буд (якумин тахти шоҳӣ дар таърихи одамизод вуҷуд дошт) дар вақти баромадани офтоб дар кӯҳи баланд бардошт ва тилло дар нурҳои Офтоб равшанӣ медод. Ва ин рӯзро Наврӯз номиданд ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар Наврӯзнома гуфта шудааст, ки Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расму оин дохил кард.

Барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузошта мешуд. Таъомҳое ки бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешавнд, гузошта мешуданд.

Миллати тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони мо кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар  ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Мардуми тоҷик ҳангоми фасли баҳор либосҳои сафед ба бар мекарданд. Дар рӯи дастархони Наврӯзӣ шакар, шир, хӯрокҳои аз шир тайёр кардашударо мегузоштанд. Аз гӯшти мурғ ва моҳӣ рӯи дастархон мегузоштанд, ки онҳо сафедранг буданд. Мардуми куҳистон асосан дар айёми Наврӯз ба корҳои кишоварзӣ ва зироаткорӣ шурӯъ мекарданд.

Парвина Ғаффорова, узви фаъоли ҲХДТ, омӯзгори ДТМИК Ибронзода Фарзона,  ихтиёрии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg