ВОКУНИШ. Дар ибтидои асри 21 ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад. Решаҳои терроризм хело амиқ буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.
Имрӯзҳо терроризм бештар тобиши динӣ касб намудааст, айни замон дар ҷаҳон терроризмро ба дини мубини ислом нисбат доданӣ мешаванд, ки ин тарзи муносибат ғаразнок буда, мутаассифона тарафдорони худро дорад. Аёнияти ислом ба терроризм ва экстремизм ғалати маҳз аст.
Имрӯз баъзе аз ҷавонони мо, ки саводи динии хуб надоранд, ҷиҳодро нодуруст фаҳмида мазмуни онро дар тарконидану нобуд сохтани худ мебинанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҷиҳод мазмуни васеъ дорад, яъне ҷиҳод ба хондан, ҷиҳод ба зиндагии шоиста, ҷиҳод ба рушди ақли солим, ҷиҳод ба хидмати падару модар. Дар ин замина Пешвои миллат дуруст мегӯянд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Барои пешгирии ҷавонон гароиши ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, моро зарур аст, ки миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем.
Танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯрию мулоқотҳо аз як гиребон сар бароварда, тамоми қишру табақаи ҷомеа ба хусус, гурӯҳи ходимони дин садди роҳи ин вабои аср шуд метавонанд.
Ҷавонон бояд аз ҳама, қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқадасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари маҳбубамон бошанд.
Воқеаҳои Сурия, Ироқу, Афғонистону Яман ба мо бояд дарси ибрат бошад. Шукронаи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ намуда, бо садоқат ба Ватани худ хидмат намоем.
Низора Каниева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант