БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СИПАРИ БОЭЪТИМОТИ КИШВАР!

АНДЕША.  Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ аз сипари муҳимтарини давлату боэътимоди Ватанамон мебошад, ки ҳанӯз дар оғози ба истиқлолият расидан кишвари азизамон таъсис ёфта, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай карда, ҳоло қодир аст, амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро пурра таъмин намояд.

Дар даврони муқовиматҳои муссалаҳона ва саркӯб намудани ошӯбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро аз даст додаанд. Маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии  ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.                                Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диловарию қаҳрамониҳои сарбозони Ватанро, ки ҷонбозиҳо намуда, хоки кишварро ҳимоя ва ҳаёти осоиштаро таъмин мекунад ба хубӣ эҳсос намуда, корнамои бузурги онҳоро ҳамеша қадр менамояд. Боз ҳам устувортар шудани  истиқлолияти сиёси, иқтисодӣ ва ичтимоӣ, нигоҳ доштани пояҳои давлату давлатдорӣ аз бисёр ҷиҳат ба хизмати садоқатмандонаи насли ҷавони ҷомеа дар сафи Артиши миллӣ вобастаги қавӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки “Воқеияту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем”.

Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои насли ҷавон намунаи ибрат ва дарси одамият мебошад, чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористӣ экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни харбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷоъи Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. 

Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар қатори сарбозони шуҷоъи Ватан дар оянда низ нерӯи ватандӯстонаи худро қавитар намуда, бо ҳушёриву зиракии комили худ марзу буми Ватани аҷдодии хеш-Тоҷикистони азизро аз хама хатар ҳифз хоҳанд кард ва талош мекунем, ки фазои амну суботи кишвар ҳамеша ҳукмрон бошад.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Ғафорова Насима,  мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg