БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА ВАТАН ҶИНОЯТЕСТ НОБАХШИДАНӢ

АНДЕША. Тибқи наворҳои пахшшудаи интернетӣ мебинем,ки хоинони давлату миллат мехоҳанд давлати зебову озоди моро ноором созанд. Ин палидони сиёсӣ бо афкори хоинонаашон дар шабакаҳои интернетӣ бар зидди Тоҷикистони соҳибистиқол, ки имрӯз хеле зебо гаштааст, нооромӣ ва бесару соминиро мехоҳад ба роҳ монанд. Аммо ин хоинони давлат наметавонанд ҷавонони имрӯза, яъне ҷавонони даврони истиқлолиятро фиреб диҳанд.

Кулли мардуми тоҷик ҳама огаҳ ҳастанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат бо чи ҷонбозиҳо ин Ватани нооромгаштаи моро орому осуда сохтанд ва мардуми гурезагаштаро аз давлатҳои бегона бо чи машаққату азоб баргардониданд. Аммо дар ҳама давру замон хоиноне ҳастанд,ки чунин қаҳрамонӣ  ва ҷонфидоии Сарвари давлатро нодида мегиранду думболи манфиатҳои хоинонаи худ талош мекунанд, ки давлатро ноором ва миллати пуршарафи тоҷикро дубора сарсони давлатҳои бегона намоянд. Чигунае,ки мегӯянд он чи айён аст, ҳоҷат ба баён нест. Аммо  боз ҳам ёдовар мешавем, ки он нафароне,ки фиреби чунин хоинони давлатро мехӯранд, онҳо ҳисси миллии худро гум кардаанд ва Ватан- Модар барояшон бегона аст.

Як зумра, ки одоби сухан гум карданд,

Бо ҳарфи бади худ туву ман гум карданд,

Бадном нашуд Ватан аз он бадгӯён,

Худ гум бишуданд, то Ватан гум карданд.

Ба мисли он хоинони аз Ватан дуристода мехоҳанд ба тарафи модар ва  Ватани худ, ёру бародарони худ санг зананд аз пайдоиши оламу одам чунин хоинон вуҷуд надошт. Аммо  ҳеҷ вақт ин хоинон ба мақсади нопоки худ намерасанд. Аз ин лиҳоз ман як нафар сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол амалҳои ин хоинони давлатро як найрангбозии сиёсӣ меҳисобам.

Воқеан ҳам ҳар зараррасонандаи инсонро нест бояд кард, гуфта буданд дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ устод Садриддин Айнӣ чунин хоинони  бадбахт бояд дар хориҷа дастгирӣ наёбанд. Ҳамчун террорист нест карда шаванд, то ин, ки инсоният аз дасти чунин хоинони миллат ба қатл нарасанд ва озод зиндагонӣ кунанд.

Алиҷон Ҷумаев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg