БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИТОБЕ, КИ МАРДУМ БА ОН НАФРИН ХОНД

ВОКУНИШ.  Сухани дурӯғ, фитнаангез ва тамалуқкорона, ки мақсад аз он ба шӯр овардани мардум, ноором намудани ҷомеа ва ба  ҷангу хунрезӣ даъваткунанда бошад, онро касе тарафдорӣ намекунад ва ҳисси нафрати мардумро  нисбати он шахс  зиёд менамояд.

Аслан ҳамаи баромадҳои наҳзатиён аз Муҳиддин Кабирӣ сар карда, то охирин гумроҳнамудаашон  бар зидди давлату миллат равона карда шудааст. Онҳо бисёр мехоҳанд, ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро ба сари мардум биёранд.

Чанд рӯз пеш яке аз думравони хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо номи Эшони Абдусаттор  бо ҳамин мақсад дар сомонаи интернетӣ бо мардуми Кӯлоб бо хитоб   баромад кард.  Баъди баромади иғвоангези ӯ ҳисси нафратам чун дигар сокинони Кӯлоби бостонӣ нисбати ин эшони дурӯғгӯй, ки мехоҳад бо суханони  тамалуқкорона  ба собиқ қумандонҳо ва мардуми Кӯлоб онҳоро бар зидди давлату миллат  шӯронад, зиёд гардид ва натавонистам хомӯш нишинам. 

Одаме, ки дилаш ба Ватану миллаташ месӯзад ( онҳо худро чунин ном мебаранд) ҳеҷ гоҳ мардумро ба нооромӣ,  ҷангу ҷидол ва хунрезӣ даъват намекунад.    Дар куҷо дари масҷидҳо  бастаасту азонро дар кадуча медиҳанд, ки ин эшони торикэмон (дурӯғгӯӣ торикии имон аст ку) аз он ҳарф мезанад.   Масъалаи  риш  мавзӯи асосӣ ва ҳалталаби наҳзатиён буда, дар ҳар баромадашон аз он ёдовар мешаванд. Дар баромади эшони Саттор ҳам аз он сухан рафт, ки риши касеро тарошида бошанд.  Э, эшони дурӯғгӯйи Худобехабар дар Ховалинг, ки  як ноҳияи дурдаст ва кӯчак аст, зиёда аз 57 масҷид амал мекунад. Шумораи масҷидҳо аз муассисаҳои таълимӣ зиёданд. Дари ҳамаи масҷидҳо дар панҷ вақти намоз ба рӯи намозгузорон кушодааст. Дар баъзе деҳаҳо:  Ҷомбахт, Чуқурак, Шехмизон   ва дигарҳо як масҷид не,  ду масҷидӣ фаъолият дорад.

 Э, дӯстдорони риш,  як бор омада дар дигар ҷо не,  дар кӯчаҳои шаҳраки Ховалинг як сайл намоед,  ба мӯйсафедони ришдор он тараф, ба ҷавононе вомехӯред, ки аз риши  онҳо табъатон хира мегардад.    Бо ин баромадат эшони Саттор як бори дигар исбот намудед, ки аз эшонӣ ва мусулмонӣ бӯй набурдаед  ва бори дигар номи номубораки худро ба ёди мардум расонидӣ, ки ба ҳафт пуштат лаънат хонанд.

Чунин мешуд, ки як бор ба Кӯлоб омада, аз ободкориҳо ва зисту зиндагии мардуми он дидан менамудӣ, бо ин суханони дурӯғат ба рӯи мардуми ба гуфти худат  ғаюри Кӯлоб чӣ тавр нигоҳ мекардӣ? Аниқ,  дар даҳонат дандон намемонд.    Ту, эшони Саттор ва чанд тан ба мисли худат гумроҳшуда  бозичаи сари дасти Муҳиддин Кабирӣ ҳастед.  Дониста монед, ки ҳар як  баромади иғвоангезонаи шумо - аъзои  ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бар хилофи мақсадҳои нопокатон ҳисси ватандорӣ  ва ватандӯстии мардуми ҷангдидаю азияткашидаи тоҷикро зиёд  ва  нафраташонро нисбати шумо хоинони давлату миллат меафзояд.

Нураҳмад Исматов,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg