БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат аз насли ояндасоз вобастагӣ дорад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Даво» тибқи нақшаи корӣ   маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан ва  Қаҳҳоров Искандар иштирок намуданд.

Зимнан Асадуллозода Ватан оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ   суханронӣ намуда, қайд кард, ки тарзи ҳаёти солим ҳамчун усули пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  мебошад. Зарурати иҷрои баъзе талаботи беҳдоштро асосан намояндагони пешқадами тибби халқӣ дар асоси таҷрибаи худ оид ба ҳифзи саломатӣ тавсияву маслиҳатҳои мувофиқ медоданд.

Имрӯзҳо кормандони соҳаи тандурустӣ дар семинару машваратҳо иштирок намуда,  дониши омӯхтаи худро ба аҳли ҷомеа барои тарғиби тарзи ҳаёти солим мефаҳмонанд.

Ба ҳамин тариқ дар Тоҷикистон тарзи ҳаёти солим ҳамчун самти муҳими нигаҳдори тандурустӣ сол то сол равнақу ривоҷ меёбад.

Сипас,  дар идомаи суҳбат  Қаҳҳоров Искандар оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон  суханронӣ намуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg