БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРТИШИ МИЛЛӢ МАКТАБИ МАТОНАТУ МАРДОНАГӢ

АНДЕША. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари моро зарур буд, ки Артиши миллии худро ташкил карда,  марзу буми мамлакатро худамон нигоҳубин намоем. Аммо бо оғоз гардидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла Артиши мамлакат пароканда шуда, дар ҷумҳурӣ бесарусомонӣ ҳукмфармо гардид.

Бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 1994 Артиши миллии Ҷумҳурии Трҷикистон аз сифр ташкил карда шуд.

Дар он солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ташкил намудани артиш, барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кори басо мушкил буд, аммо фарзандон ва ҷавононе ки ба Ватан содиқ буданд, ба артиши миллӣ ҷалб карда шуданд ва дар ташкилшавии он саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Дар ташкил намудани Артиши миллӣ фарзандони шуҷоъ ва содиқ ба Ватан ҷони худро дар хатар гузошта, баҳри тинҷию осудагӣ ва ҳифзи суботу амнияти меҳан хизмати шоиста намуданд, баъзе нафарон дар ин роҳ ҷони худро аз даст доданд то, ки ин марзу бум дар амон бошад.

Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як мактаби бузурги мардонагӣ, матонат ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон табдил ёфтааст, ки шароити хеле мусоиду муфидро доро мебошад.

"Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад".

Артиши миллӣ мактаби ҷавонмардӣ ва тарбияи далерону ҷасурони Ватан аст. Маҳз ҳангоми хизмат дар сафи Артиши миллӣ шахс моҳияти ватандориро эҳсос намуда, арзишҳои миллиро дарк менамояд.

Муҳимтарин вазифаи ҳар як марди ватандӯст ин ҳимояи марзу сарҳади Ватани азизамон- Тоҷикистон ва таъмини амнияту субот дар он мебошад.

Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз бо дарки масъулияти ватандорӣ ва хештаншиносӣ ҷавонони мо аз уҳдаи нигоҳубини сарҳади давлатӣ бо сари баланд баромада истодаанд ва сипари боэътимоди Ватан мебошанд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро нафароне пурра месозанд, ки аз 18 то 27 сола мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки муҳофизони аслии Ватан танҳо ҷавонон мебошанд. Аз тарафи дигар ин мояи ифтихор, шарафи бузург ва рисолати ҷавонмардии ҳар яки мо мебошад.

Имрӯз ҷавонони мо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ шабонарӯзӣ сарҳади давлатиро ҳифз, оромии кишвар ва зиндагии осудаҳолонаи мардумро аз хатарҳои номатлуб эмин нигоҳ дошта истодаанд.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз аксарияти ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистони азиз довталабона дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат карда истодаанд.

Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонӣ ҳар яки мо ҷавони бо нангу номуси кишварро зарур мебошад, ки Ватани азизамонро бештар аз пештара дӯст дошта баҳри ҳифзи марзу буми он дар ҳама ҳолат омода бошем.

Зоиров Саймухтор, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg