ДӮСТӢ. Дар боғи фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ шанбегии умумӣ доир карда шуд. Дар ин чорабинии муҳим кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамингуна чорабинӣ дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ низ гузаронида шуда, як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шуд.