ВОСЕЪ. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони саховатманду хайрхоҳи ноҳияи Восеъ дар арафаи ҳар ҷашну идҳо ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон кумаки моддиву ғизоӣ мерасонанд.
Дар ҳамин росто бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва дастгирии шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд, аъзои фаъоли ҲХДТ ба 18 нафар ниёзмандону ятимони ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маводи хӯрокворӣ, аз қабили орду биринҷ, шакар, равған, анвои нонӣ, чой ва дигар маҳсулоти хӯрока, инчунин 500 сомонигӣ ба ҳар як нафар кумаки молиявӣ расонида шуд.
Дар расонидани дасти кумак раиси ҷамоати мазкур Неъматзода Ибодулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Разоқ ва шахсони саховатманди ноҳия иштирок намуданд.