ЁВОН. Дар доираи иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандӣ-осеббардорӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон сохта шуда, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандӣ-осеббардорӣ дар беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Масъалаи мазкур мушкилоти ҳазорон корафтодагон ва беморони ноҳияи Ёвонро осон гардонид.