БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар рушду инкишофи ҳар давлат ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Алиҷон Назаров дар назди хонандагон баромад намуда, онҳоро ба ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, рӯ овардан ба илмомӯзӣ ва ҳурмату эҳтироми падару модар роҳнамоӣ намуд.

Аз ҷумла иброз дошт, ки Тоҷикистони азизамонро ҷомеъаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бо шумо хонандагони азиз бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар меъмори давлати воқеъии дунявӣ ва пешрафта саҳм гузорем ва танҳо бо номи ин миллат, ин давлат ифтихор кунем. 

Беҳтарин роҳе, ки ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷикро сохта мешавад, ин иттиҳоду сарҷамъи, илм омӯхтану илм офаридан аст. Масъулин ҳамчунин қайд карданд, ки гузаштагони мо рисолати худро анҷом доданд, яъне барои мо давлату миллат сохтанд, акнун навбати шумо аст, бояд аз дирӯз дида, имрӯзро зеботаркарда боз бештар илм омӯзед, бештар китоб хонед, ояндаи ин миллат, ин давлат дар дасти шумо ҷавонон аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg