БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁҶМАНДОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дстгирии хайрхоҳонаи раиси деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ Иблоев Сайалам дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, гирифтани дасти маъюбону шахсони ниёзманди ҷомеа дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ тибқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Эҳтиёҷмандону маъюбон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» кори хайреро анҷом доданд.

Зинми аёдат намояндагони ҳизбӣ бо оилаҳои эҳтиёҷманд суҳбати самимона ороста, ба ин оилаҳо кумаки яквақтаинаи моддӣ расониданд.

Аз иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён шахсони аёдатшуда ва аҳли оилаи онҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg