БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАШНЕ, КИ ДУНЁРО ТАСХИР КАРД

АНДЕША.  Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯи шуҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-уми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон ин иди наврӯз аст.

Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 23-юми феврали соли 2010-ум қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз – ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннат, барои миллати соҳибҷашни тоҷик як тафохури бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии иди Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он, ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша нигаҳдор бошанд. Тамоми оинҳои наврузӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намоянд.

Одатан мо Наврӯзро асосан ҳамчун рамзи фарорасии баҳору эҳёи табиат, оғози айёми кишту кор ҷашн гирифта, ҷанбаҳои фалсафӣ-ахлоқии он ки дар он аҳамияти иҷтимоӣ Наврӯз таҷассум ёфтааст, камтар ёдовар мешавем. Наврӯз мубориза аст, муборизаи қувваи некӣ ба бадӣ, рӯшанӣ ба торикӣ, зебоӣ ба зиштӣ, сафедӣ ба сиёҳӣ, сулҳ ба ҷанг, шодӣ ба ғаму андуҳ. Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Чунки ин ҷашн аз қадимулайём рамзи оғози нек буда, мардумро ба зиндадилӣ, кӯшишу ғайрат, дӯст доштани арзишҳои инсонӣ ва табиату зиндагӣ водор менамояд.

Мардумони ориёитабор баъди қабули дини мубини ислом низ аз ин ҷашни бузург, ки муҳимтарин мероси фарҳангии ниёгонашон маҳсуб мешуд, даст накашиданд ва аз он ҳамеша ҳимоя ва риоя карданд. Гузашта аз ин, пажӯҳиш ва таълифи таърихи Наврӯз ба як мавзӯи муҳими таҳқиқоти мутафаккирон ва муаррихони мусулмон табдил ёфт.     Аз ин дидгоҳ ҷашни Наврӯз саршор аз идеяҳои инсондӯстию инсонмеҳварӣ мебошад, ки дар ҳамаи давру замонҳо маҳаки рисолати таърихию кайҳонии инсонро ташкил медиҳад ва ҷашни Наврӯзро бештар ҷавону арзишмантар мегардонад. Шаклҳои гуногуни мафкураҳои динию фалсафӣ ва идеологияи расмии давлатҳо борҳо тағйир ёфтанд, ҷашну маросимҳои мухталифи оҳанги идеологӣ дошта омаданду рафтанд, вале Наврӯз ба сабаби анъанаи сирф мардумӣ, ҳомии арзишҳои умумибашарӣ будан ва озод шудан аз ҳама гуна ғаразҳои идеологию мафкуравӣ зиндаву ҷовид монд ва мақоми байналмилалӣ касб кард. Наврӯз таҷассумгари чеҳраи миллии мардуми тоҷику форс буда, имрӯз ҳеҷ кадом ҷашну маросим ва расму оини дигар ба ин андоза моро ҳамчун мардуми фарҳангсоз ба ҷаҳониён муаррифӣ намекунад ва собитсозандаи аз хеле қадим тамаддунофар будани ин мардумон мебошад.

Солиҳов Фирдавс, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg