ФАРХОР. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ дар доираи нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроия оид ба баргузории амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҳизбӣ ва дигар аъзои фаъоли ҳизб дар деҳаҳои Дарқад, Меҳробод ва Сурхоби ноҳияи Фархор ҳаршарҳои ободониро ба роҳ монданд.
Дар ин ҳашарҳо зиёда аз 200 нафар аъзои фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи қабристонҳоро ба анҷом расонида, ҳамзман дар ҳамаи ин деҳаҳо имомхатибон низ иштирок доштанд. Инчунин, дар оромгоҳҳои тозакардашуда зиёда аз 60 адад дарахтони ороишӣ шинонида шуда, як бошишгоҳ сохта ба истифода дода шуд.