ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хонаи бачагон" маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Хонаи бачагон" Нурова Гулҷонбӣ дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии " Хонаи бачагон " дар семоҳаи аввали соли 2021 шунида шуда, қарорҳои дахлдор тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон намояндагони Кумитаи иҷроия оид ба масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳисоботҳо оид ба ҳаракати аъзо ҳар моҳ ва сари вақт ба Кумитаи иҷроия дастрас карда шаванд.