ВОКУНИШ. Имрӯзҳо бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу оромӣ Ватан ва аз ҳамарӯза пешравиҳою гул-гул шукуфиданҳои ин сарзамини биҳиштосо ҳар бинанда рӯҳу илҳоми тоза гирифта, меҳру садоқаташ нисбати Тоҷикистони азиз афзун мегардад. Вале афсӯс ҳанӯз ҳастанд, нафароне, ки ин зебогиҳою ин пешравиҳоро нодида мегиранд. Чунон, ки чандест тавассути шабакаи иҷтимоӣ, хусусан, дар фейсбук мубоҳиса оид ба он ки гӯё, дар Тоҷикистон матбуот озод нест. Ба андешаи ман матбуоти даворони истиқлолият аз матбуоти даврони шӯравӣ ба кулли фарқ мукунад. Зеро дар даврони шӯравӣ ҳама озодона фикру мулоҳизаҳояш ва мақолаашро ба воситаи рӯзномаву маҷаллаҳо танҳо тариқи “сензура”, яъне аз коммисия мегузашт, баъд барои чоп кардан иҷозат дода мешуд. Бисёриҳо ҷаҳду талош мекарданд, вале ба онҳо чунин имконият дасрас намешуд, ҳоло бошад, фарқ надорад тамоми табақаҳои қишрҳои ҷомеа озодона метавонанд фикру мулоҳиза, мақолаҳои худро тавассути шабакаҳои интернетӣ, матбуотҳои хусусию давлатӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти озодонаи матбуот ба таъбу нашр расонанд. Шахсан ман ба гуфтаҳои Бахтиёр Ҳамдамов, ки сармуҳарририи “Минбари халқ”-ро ба уҳда дорад, розиам. Бе шубҳа матбуот дар мамлакатамон озод аст ва ҳам хабарнигорон ва ҳам мардум аз он ба таври васеъ истифода менамоянд.
Валиева Саъбагул, узви гурӯҳи вакили ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб