БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАТБУОТ ДАР ТОҶИКИСТОН ОЗОД БУД ВА ҲАСТ

ВОКУНИШ. Дар давраи демократикунонии ҷомеа матбуот нақши хеле муҳим дорад. Нақши васоити ахбори омма, рӯзнома, радиову маҷаллаҳо дар ҷомеаи мо низ  муҳим буд ва ҳаст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матбуот озоду ошкорост. Чуноне, ки аз суҳбат аз радиои озодӣ сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов огоҳ гаштем матбуот дар Тоҷикистон озод мебошад ва ман аз тамошои наворе, ки бо шаҳрвандон  саволу ҷавоб гузаронида шуд ба хулосае омадам, ки он шахсоне, ки матбуот дар кишвари мо озод нест гуфтанд шахсоне мебошанд, ки онҳо худ ягон маҷаллаву рӯзномаҳоро мутолеа накардаанд ва агар аз онҳо пурсон шавем, ки  ному насаби  яке аз сармуҳаррирони  рӯзнома ва ё номи ягон маҷалларо бигӯянд  дар ҷавоб чизе нахоҳанд гуфт.

Бахтиёр Ҳамдамов дуруст қайд карданд, ки фикри худро баён кардан ин худ озодист ва агар дар тамоми ҷаҳон чунин савол пешниҳод гардад, ҷавобҳову фикру ақидаҳо гуногун мебошад.

Ин маънои онро дорад, ки давлат дар ҳақиқат демократӣ буда, матбуот озод мебошад.

Сафархони Муҳаббат, мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳия Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg