ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” роҳандозӣ гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 60 нафар сокинони деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Гулистон иштирок карда, ба тозаю озода кардани гирду атроф ва дохили ҷӯйборҳои обгузар, тоза кардани дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ, шинонидани ниҳолҳои сояафкан машғул гардиданд.
Дар назди иштирокчиёни чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев баромад карда, оид ба аҳамияти гузаронидани Аксияи ҳизбӣ суханронӣ намуд.