ВОКУНИШ. Чи тавре, ки дар расонаҳои хабарӣ- радиои озодӣ мусоҳибаи байни сардабири ҳафтаномаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов ва сардабири собиқ ҳафтаномаи “Нигоҳ” Фариддуни Роҳнавард дар сомонаи Ютуб баргузор гардид ва баҳс дар барои озодии сухан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мерафт. Ман чунин мешуморам, ки имрӯз дар Тоҷикистон матбуот озод аст ва кори хабаррасонии худро ҳамаи он рӯномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ карда истодаанд. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернетие,ки фаолияти худро дуруст ба роҳ мондаанд ва хонандаву ҷонибдорони худро доранд аз ҷиҳати иқтисоди худро таъмин менамоянд ва фаъолияташонро пеш мебаранд.Аммо матбуоте,ки харидори хизматарсонии хабаррасонии худро надоранд ва ба шароити бозор тоб оварда наметавонанд,муфлис гашта аз байн мераванд.
Бинобар ин гуфта метавонем, ки он рӯзномаву маҷаллаҳои фаъолияткунанда, аз қабили рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ», рӯзномаҳои Ҷумҳурият ва дигару дигар хонандагон ва харидорони хизматрасониҳои хабарии бениҳоят зиёд доранд ва фаъолияти худро озодона пеш бурда истодаанд. Озодии баён ҳам ба фикри ман ҳадде бояд дошта бошад, яъне озодии баён гуфта ба иғвоангезиву дассисакорӣ ва поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои шахсии шахси дигар даст задан ин набояд озодии баён гуфта шавад.
Дарҷаҳони муосир ҳама давлатҳо озодии баёнро ба таври ба худ хос ҳисоб менамоянд ва давлати азизи ҷавони мо ҳам манфиатҳои давлатиро бояд ҳифз намояд,яъне озодии баён он пойдевори мустаҳками давлатро набояд хароб кунад ва ба нобасомониҳо ва нотинҷиҳо оварда расонад,бинобар ин он шабакаву расонаҳои хабарие, ки ба иғвоангезиву ҷангандозӣ машғуланд, бояд фаъолияти худро на бар зидди давлат, балки ба якҷоягии аҳолӣ ва дастаҷамъона ободкории кишвар роҳнамоӣ намоянд.
Хулоса, Тоҷикистони маҳбуби мо рӯз то рӯз ободтар мешавад ва ҳамаи шаҳрвандон фикру ақидаи худро озодона таввасути шабакаҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо баён намуда, барои пешрафту тараққиёти Ватани маҳбуби худ саҳми худро гузошта истодаанд.
Саидасрор Ғуломов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон