БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ!

АНДЕША. Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон бо фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат, ҳамзамон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишварамон дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳпарварона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон  фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз таҷлил гардида истодааст. Наврӯз куҳантарин иди мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили одамон рӯҳи тоза мебахшад. Наврӯз иди эҳёи табиат буда, ҳамчун ҷашни Соли нав низ шинохта мешавад. Наврӯзро дар баробари мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин қавму миллатҳои зиёде таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд. Дар таърихи фарҳанги мардуми ориётабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ин аст, ки ҳар сол он бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта мешавад. Ин иди ниёгон дорои хусусияту фарҳанги махсус буда, дар ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ бо оростани оинҳои идонаи наврӯзӣ онро бо рӯҳияи тозаву фараҳмандӣ истиқбол мегиранд. Дар баробари дигар ҷашнҳо Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки онро мардуми тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориётабор маънидод намуда, он ҳар сол бо муҳаббату самимият пешвоз гирифта мешавад. Чуноне ки аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии “рӯзи нав”-ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оғози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз аст. Тавре фарҳангшинос Мирзоҳусайни Бадалипур мегӯяд, “дар тафаккуру андешаи мо - мардуми ориёнажод, як рамзу ақида, орзую омоле вуҷуд дорад, ки миллитарин ҷашнамон - Наврӯз аз фарҳангу маданияти гузаштагонамон дарак медиҳад. Бо омадани Наврӯз хонаҳоро тозаю озода мегардонанд, ҳафтсину ҳафтшин омода менамоянд. Деҳқон ба кишту кор оғоз мекунад. Киштукор кардани замин маънии зиндагии навро дошт. Ҳамин аст, ки фарҳанги ҷашни Наврӯз дар тафаккури мардум як такопӯ ва ҷустуҷӯи фарҳангиро ба вуҷуд меорад. Наврӯз хоси мавқеи ҷуғрофии мо мебошад. Агар дар дигар минтақаҳои ҷаҳон сардӣ бошад, дар мо баҳор асту мавсими таҷлили ин иди накӯст. Омадани ин рӯз ба зиндагии мо таровату нафосати тоза мебахшад. Чун баҳор покист ва ба қавле, домони баҳор намозист”.
Яке аз хусусиятҳои асосии фарҳангии ин ҷашн аз он иборат аст, ки дар ин айём шабу рӯз баробар мешавад. Пас аз он шабҳо кӯтоҳу рӯзҳо дарозтар мешавад, то инсон бештар меҳнату эҷод намояд.

Сайдамир Ғафуров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg