Ш.ШОҲИН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии “Бойторӣ” вохӯрии судманд анҷом доданд. Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии “Бойтори” Ҳасанов Рустам ёдовар аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, иброз намуд, ки мо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри созандагию бунёдкории диёру кишвари азизамон ҷаҳду талош менамоем.
Баъдан кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин атрофи семинари машваратии кишоварзони вилояти Хатлон, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 майи соли ҷорӣ бо фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон доир гардид, андешаронӣ намуда, аз ҷамъомадагон баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, ки ба рӯзгори осудаву ободии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз равона карда шудааст, даъват ба амал оварданд.