БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар маҳал

ХУРОСОН. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва дигар шахсони расмӣ дар мавзӯъи таблиғи нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки аз 12.05.2018 бармеояд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Сараввал масъулин  аз сехи дузандагӣ, ки дар назди муассисаи таълимии  №3-и ҷамоати деҳоти Фахробод, ки дар он  13 нафар занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ, ки ба духтани сару либоси мактабӣ машғуланд, дидан намуданд. 

Инчунин, дар ин раванд иштирокдорон аз  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳунарҳои ихтироъкорони ҷавонону наврас  шинос гардида, ба ҳунари волои онҳо баҳои хуб доданд.      

Дар вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон, ҷавонону занон ва кормандони хоҷагии фермерии «Асадулло», ки зиёда аз 180 нафарро ташкил медод, иштирок доштанд.

Саидзода Раҳмон дар назди иштирокдорон атрофи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолои ҷомеа, семинағмашварати кишоварзони вилояти Хатлон, нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Ҳамзамон дигар шахсони расмӣ оид ба мавзӯъҳои болозикр андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат  даъват ба амал оварданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg