АНДЕША. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо мардуми фарҳангсолори тоҷик аст, ки имсол аз эътиборан ҷашни деринаи ниёгони мо - Наврӯзи хуҷастапай, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ҷашни байналмилалӣ гардидааст, ёздаҳ сол сипарӣ гардидааст ва имрӯзҳо ин ҷашни ниёгону таърихӣ дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Мо ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният арҷ мегузорем ва гиромӣ медорем, зеро ки Наврӯз бо омаданаш файзу баракат, нозу неъмат ва тозагиву озодакориро ба Ватани азизи Наврӯз арзонӣ медорад. Воқеан, Наврӯзи Аҷамро дар тӯли асрҳои зиёд аз шимоли Чин то марзҳои Аврупо халқияту миллатҳои гуногун, аз ҷумла халқи ба мо дӯсту бародари туркман бо самимият ва меҳру муҳаббати хоса ҷашн мегиранд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ ва асолати тамаддунсози он башорат медиҳад.
Наврӯзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст. Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори кӯҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рӯҳу ҷони одамон гардише падид меояд.
Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.
Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерӯву илҳоми тоза ато мекунад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.
Аз ин хотир халқи тоҷик ин иди азизу мӯътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонад. Тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.
Имрӯз мову шумо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.
Дар чунин шароит Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.
Бовар дорам, ки ҳизбиёни меҳанпараст, бунёдкор ва заҳматқарин барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ нерӯи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва нерӯи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои воло ноил хоҳем гашт.
Мо ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ таҳти сарварии Пешвои муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хиради азалӣ, асолати созандагӣ ва ҳувияти бунёдкории мардуми шарафманди тоҷик эътимоди қавӣ дорам. Ва эҳсос мекунам, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи шумо кишвари азизу давлати соҳибистиқлоламон сӯйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиб ва умеду орзуҳои наврӯзии имсолаамон амалӣ мегарданд.
Бигзор, сарсабзиву шодкомии иди Наврӯз ба ҳама пиру ҷавони кишвари азизамон, ҳар як хонадони мардуми тоҷик ва ҳамзабонони мо насиб гардад.
Мақсуд Раҳматуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон