КӮЛОБ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба гузаронидани “Рӯзи ёдоварӣ” дар қабристонҳои ҷамоати деҳоти Зиракӣ корҳои ободонӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар рафти он сокинон фаъолона ширкат намуда, гирду атрофи қабристонҳоро аз хасу хор тоза намуда, инчунин, ба шинонидани сангҳо дар болои қабрҳо ва дигар корҳои ободонӣ машғул гардиданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пайваста кӯшиш менамояд, ки чунин ташаббусҳои некро бештар роҳандозӣ намуда, ба ин васила мардумро ба амалҳои хайру савоб ҷалб созад.