КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо фаъолозанони ҳизбӣ дар ташкилоти мазкур вохӯрӣ оид ба нақши занон дар ҷомеа баргузор карда шуд.
Зимни он мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” Достиева Солиҳамо ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, қайд кард, ки солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби худ кашида буд. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳо занон аз оғози дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷараёни иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва то ҳол дар рӯйдодҳои муҳимми кишвар, аз ҷумла дар интихоботҳои Президенти кишвар, интихоботҳои вакилони мардумӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ, таъмини покизагии маънавию ахлоқии ҷомеа ва ғайра нақши созанда ва ибратбахш бозида истодаанд.
Дар навбати худ Достиева Солиҳамо низ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали истиқлолият занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор доранд. Зеро, маҳз, дар шароити соҳибистиқлолӣ занон тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ, рисолати ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Таҳлили фаъолияти занон дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки онҳо дар рушду пешрафти мамлакат нақши бағоят бузург доранд.