КӮЛОБ. Ҳизбиён дар шаҳри Кӯлоб мунтазам дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳмгузорӣ намуда, дар заминаи чунин корҳои созанда кӯшиш менамоянд, ки ҷашни бузурги таърихӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои назаррас истиқбол гиранд.
Дар робита ба ин, ҳизбиён - сокинони деҳаи Хонаободи ҷамоати деҳоти Даҳана дар рӯзҳои офтобӣ роҳҳои байни деҳаро сангфарш намуданд.
Бояд гуфт, сокинони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи ин деҳа пайваста тариқи ҳашар ҳар гӯшаеро обод меозанд. То ин муддат, дар ин деҳа, бо дастгирии сокинон тариқи ҳашар корҳои зиёди созандагиву ободонӣ ба анҷом расонида шудааст.