Ҷ.БАЛХӢ. Оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 маҳаллаи Суюнободи Ҷамоати деҳоти Фрунзе бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ноҳия вохӯрии навбатӣ гузаронида шуд.
Зимни баромад масъулин оид ба баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва омодагардонии онҳо барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, ҷалби ҳарчӣ бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуданд.