БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Риояи талаботҳои қонун – асоси зиндагии пурсаодат

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг  дар маҳаллаи Паранаки ҷамоати деҳоти Ховалинг  мулоқот доир гардид.   

Дар назди ҷамъомадагон масъулин  оид ба муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон, суханрониҳои Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар шинос намуд.

Ҳозирин дар бораи хатари ба давлату миллатдоштаи терроризму экстремизм, нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, тақлид ва пайравӣ ба фарҳанг ва урфу одати бегона, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД, ғайримақсаднок истифода намудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои дар ҷумҳурӣ фаъолияташон мамнуъ маълумотӣ кофӣ пайдо намуданд.

Ҳамчунин, ба онҳо фаҳмонида шуд, ки сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи барқи истифодашуда, риояи қонун, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба онҳо ва давлатчӣ манфиат меоварад.

Тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҳимояи марзу буми Ватан яке аз мавзӯъҳои суҳбат буд. Иштирокдорон зимни суханронӣ афзуданд, ки риояи талаботҳои қонун асоси зиндагии пурсаодати онҳо ва сокинони мамлакат мебошад.

Аз ин рӯ, онҳо ҳамагонро ба риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg