
Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади ба сокинон фаҳмонидани муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам ба роҳ монда истодаанд.
Ин навбат кормандони ҳизбӣ дар деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо кормандони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, ба онҳо нуктаҳои Паёми имсоларо шарҳу тавзеҳ дода, сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти аслии он дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа муфассал сухан гуфта, қайд намуданд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат қайд гардид, ки давлату Ҳукумат пайваста сохтори кишоварзиро дастгирӣ менамояд ва он бо маром инкишоф ёфта, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст. Пешвои миллат дар Паёми худ даъват ба амал оварданд, ки бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардум аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд. Бо мақсади дастгирии кишоварзони мамлакат ва таъмини бозори истеъмолӣ тамоми кишоварзони кишвар барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.
Сипас, кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ ин гуфтаҳои Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамвозии худро барои татбиқи амалҳои неку шоиста иброз доштанд.