БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ҶАШНИ НИЁГОН АСТ

АНДЕША. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам гардид, ки мо ҳама ҷашну маросимҳои миллӣ ва анъанаҳои гузаштаи худро дубора эҳё намоем. Вобаста ба таҷлили ҷашнҳо ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани онҳо мо имкониятҳои васеъ дорем. Насли имрӯза муваззафанд, ки гузаштаи худро донанду меъроси таърихии хешро ҳимоя созанд. Ҷашни Наврӯз, ки мақоми байналмилалиро гирфтааст ва дар саросари ҷаҳон таҷлил гардид, ин ифтихори ҳар яке мо аст. Наврӯз ин зиндашавии табиат ва баробарии рӯзу шаб дарак медиҳад. Гузаштагони мо ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамуданд. Адибону нависадагони гузаштаи мо оид ба ҷашни Наврӯз аз худ осори гаронбаҳое гузоштаанду ба наслҳои оянда гиромидоштани онро таъкид намудаанд. Дар ин ҷашн мо як қатор анъана ва урфу одатҳои худро дорем, ки ҳамасола он дар ҳар як деҳаву маҳаллаҳо гузаронида мешавад.  Таом, дастархони хосаи наврӯзӣ ва бозиҳое ҳастанд, ки дар арафаи таҷлили Наврӯзӣ  ташкил ва гузаронида мешаванд.

Ин ҷашни миллиро мо ҳангоми таҷлил намудан бо шаҳомат баргузор менамоему ба ҳамаи ҷамъомадагон қадимӣ будани онро мефаҳмонем. Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун ҷашни умумиллӣ аз ҷониби ҳамаи тоҷикони дунё таҷлил мегардад. Муҳимаш он аст, ки ин ҷашн аз аҷдоди гузаштаи мо буда, дар ҳама давру замон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.01.2021 қайд карданд, ки: “Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, Ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст”.

Мо уҳдадорем, ки насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намоему онҳоро ба шинохти гузаштаи худ роҳнамоӣ созем. То ин ҳамаи дастовардҳои ҳазорсолаи миллати худро эмин нигоҳ доранд.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg