КӮЛОБ. Вобаста ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр ин ҷашни таърихӣ Наврӯз ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуд.
Аз ҷумла, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парасту” аз ҷониби ҳизбиёни ин ташкилот чорабинии ботантана доир гардид.
Зимни он ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ ва саҳначаҳо оид ба таърих ва пайдоиши ҷашни Наврӯз роҳандозӣ карда шуд.