БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мактаб даргоҳи муқаддасу омӯзгор шахси муътабар аст

ҲАМАДОНӢ. Дар Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Сафаралӣ Шарифзода ва Гадоӣ Сайдалиев баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, семинарғмашварати кишоварзони вилояти Хатлон  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ  карданд. 

 Зимнан дар вохӯрӣ қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон”, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ,  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва дар замири онҳо ҷой намудани ҳисси миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ 10 нафар омӯзгорони ҷавони Литсей барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд, ки онҳо аз ҷониби масъулин  хуб пазируфта шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg