Иди Наврӯзи Аҷам, иди ҷаҳонӣ мешавад,
Ин ҷаҳони пирро рамзи ҷавонӣ мешавад.
Илму фан меоварад, бар умри Одам рӯзи нав,
Нав ба нав зистан шиори зиндагонӣ мешавад.
АНДЕША. Баробарии шабу рӯз мувофиқи солшумории мелодӣ ба 21-уми моҳи март рост меояд. Маҳз бо ин маънӣ ҳамасола дар ин сана дар байни кишварҳои Осиёи Миёна иди Наврӯз таҷлил карда мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон оид ба баргузории ин ҷашни куҳан таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар саросари ҷумҳурӣ бо тантанаи махсус аз ин иди таърихи ҳазорсоладошта ҷашн мегиранд. Дар ҷумҳурӣ ягон корхона, муассиса, ташкилоте нест, ки аз ҷашнгирии Наврӯз бебаҳра монад. Ногуфта намонад, ки саҳми Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба тасвиб расидани қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз”, ки он 18 феврали соли 2010 бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардид, хеле зиёд аст. Ҳамасола дар ҶумҳурииТоҷикистон ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани иди фархундаи Наврӯз як қатор иншоотҳо сохта ба истифода дода мешаванд. Дар ин баробар дигар корҳои ободонӣ ба монанди гулшинонию ниҳолпарварӣ ва кишти заминҳо ба анҷом расонида мешаванд. Бояд гуфт, ки дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар кишвар, тамоми расму оини гузаштагон ба таври пурра ба ҷо оварда мешавад ва ҳамаи он бозиҳое, ки мансуб ба ин иданд ҷавонони мо бо муҳаббати хос иҷро менамоянд. Акнун аз соли 2019 инҷониб Наврӯз дар кишвари мо дорои рамзҳои махсуси тасдиқгардидаи худ аст. Яке аз он рамзҳо (рамзи якум) арчамонанд буда, дар Наврӯзгоҳҳо, дар назди идораву корхонаҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ ба ҷои арча насб карда мешавад. Ин ҳама аз фарҳангпаравариву эҳтиромгузории тоҷикон ба таърихи хеш аст, ки воқеан аз он ифтихормандем!
Моҳинави Қурбонмад, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ