ҚУБОДИЁН. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин семинари омӯзишӣ барои раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Навобод ва Заркамар баргузор гардид. Дар кори семинар раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ даъват шуда буданд, ки ба онҳо муҳтавои китоби “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ”- ро Абдуллоев Ваҳобиддн ба таври муфассал шарҳ дод. Дар охир ба ҳар яки онҳо китобчаҳои “Роҳнамо”-ро дастрас намуд.