ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Исмоилов И ва Бобоев Ҷ, дар арафаи Иди байналмиллалии Наврӯзи ҳуҷастапай ба як нафар маъюби гурӯҳи якум Абдулхайров Зоирҷон, сокини Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, кӯчаи ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур кумаки моддию молӣ расонида шуд, ки дар айёми ин иди аҷдодӣ табъи маъюб аз ин иқом болида гашт.