ДАНҒАРА. Дар Муассисаи давлатии хизматрасонӣ дар хона бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия оид ба таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҷлис баргузор кард шуда, ба кормандони ин муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара супорида шуд.
Намояндагони ҳизбӣ аъзои ташкилоти ибтидоиро бо Оинномаи ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ, ташкили корҳои созандагию ободонӣ ва Низомнома дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ, ҷамъоварӣ ва супоридани ҳаққи узвиятро ҳидоят карданд.