ВОСЕЪ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз як оилаи ниёзмандро, ки сокини ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов мебошад, аёдат намуданд.
Ин иқдоми нек дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ба аёдатшудагон аз тарафи шахсони саховатманд ва хайрхоҳӣ ноҳия маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас карда шуд.
Бояд гуфт, ки шумораи шахсони саховатманду хайрхоҳ дар ноҳия зиёд буда, чунини иқдомҳои неку инсондғстона дар арафаи иду ҷашнҳо идома хоҳад дошт.