ВОСЕЪ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади таҷлили Наврӯзи оламафрӯз ва иҷрои нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии баргузоршуда раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Разоқ ва занони ҳунарманди ҷамоати зикргардида иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ занон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, ба ҷавондухтарон аз ҳунари хеш меомӯхтанд.