БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ МИЁНИ СОКИНОН

ВАХШ. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва идоракунии маҳалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и Ҷамоати деҳоти 20- солагии  Истиқлолияти Тоҷикистон бо имомхатибон ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон  доир гардид.

Дар вохӯрӣ  Холиқзода Абдураҳим саравал ҳозиринро бо Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, Паёми навбатии Президенти мамлакатро, ки санаи 26.01.2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, баъдан иброз дошт, ки мо имрӯз дар шароити хеле мураккаби ҷомеаи ҷаҳон, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба низоми устувори кишварҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст, қарор дорем. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, бо истифода аз имкониятҳои ба дастомада зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба сӯи ояндаи боз ҳам ободу зебо қадамҳои устувор гузорем.           

Инчунин, дар давоми суҳбат  Одилҷон Маҳмадов  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  тазаккур дод, ки  ҳар яки моро зарур аст, барои татбиқи Паём навбатӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ заминагузор буда, дар самти бунёдкорию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузорӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg