ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Оқгаза2-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо сокинон оид ба семинар-машварати кишварзони вилояти Хатлон ва мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Бобоҷонова Гулҷаҳон ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар назди ҳозирин баромад карда, нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбари давлату Ҳукумати кишвар, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар сатҳи байналмиллалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, дастгирии давлату ҳукумат оид ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, бунёди ҳаммомҳо, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, иҷрои ҳатмии қонуну қарорҳои давлатӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карданд.
Ҳамзамон, дар ин раванд оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои кора ва бинобар сабаби омадани хушксолӣ захира кардани хӯроки чорво иштирокдоронро таъкид намуданд.