ПАНҶ. Ба хотири аз наздик шинос намудани сокинон ба нуқтаҳои асосї ва муҳтавои суханронии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалї Раҳмон аз мулоќот бо намояндагони љомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 масъулини Кумитаи иљроияи ноњия вазифадор аст, ки силсилавохурињоро бо сокинони ноњия баргузор намоянд.
Дар дењањои Сомонї-2 ва Сомонї-3-и љамоати дењоти «Намуна» бо мардуми мењнатќарин, ки бештар бо пахтакорї ва чорводорї машѓуланд як вохўрии судманд баргузор гардид.
«Њадафи асосии роњбарияти Давлату Њукумати мамлакат боз њам баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати њар хонадони Тоҷикистон ва тањкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад» -таъкид намуданд Асосгузори вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ЊХДТ, Президенти кишвар муњтарам Эмомалӣ Рањмон дар мулоќот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ќайд намуд, дар баромадаш раиси комиљроияи ноњия Файзиев Каримљон.
Дар њаќиќат, барои расидан ба ин њадафњо саъю талоши Сарвари нексириштамонро дарк карда истодаем.
Дар мулоќот њамчунин, Пешвои миллат бори дигар оид ба зарурати ќабули ќонуњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњои дар Љумхурии Тољикистон» андешаронї карда, аз ањли љомеаи кишвар риояи муќаррароти ќонунњоро талаб намуданд.
Ќонунњои ќабулнамудаи Давлату Њукумат ба манфиати мардуми зањмаќарин буда, дар давраи амали гардидани онњо дар њаёти иќтисодию иљтимоии мардуми кишварамон натиљањои мусбиро ба бор оварда, љашну маросим ва анъанањои миллиро ба танзим дароварда, дар ин замина ба паст намудани сатњи камбизоатї дар љумњурї мусоидат намуд.
Њамчунин, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни сухаронї ќайд намуданд, ки манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба ќадри бузургтарин неъмати дастовардњои зиндагиамон- истиќлолияту озодї, соњибватаниву соњибдавлатї, сулњу оромї ва вањдати миллї расем.
Аз ин бармеояд, ки њар як сокини кишвар ва њамчунин њар як аъзои фаъоли њизб баъд аз суханронии Сарвари давлат дар мулоќот бо намояндагони ҷомеаи кишвар масъуланд, ки минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, њаёти осоиштаи мардум, тањкими сулњу субот, вањдати миллӣ ва истиќболи арзандаи ҷашни 30 – солагии Истиќлолияти давлатии Тоҷикистони мањбубамон саъю талош намоянд.